Хуб гиря кунед, ки Рамазон мегузарад, Тасбеҳу таробеҳу дуоъ мегузарад. Иди Рамазон омаду мохи Рамазон рафт. Сад шукр, ки ин омаду сад хайф, ки он рафт. Сад дареғо моҳи меҳмон меравад, Моҳи Раҳмон моҳи эҳсон меравад. Карда моро ҳамчу тифлӣ бегунаҳ, Пок сози қалби инсон меравад. Сад дареғо моҳи Раҳмон меравд, Моҳи Имон моҳи Қуръон меравад. Меҳрубон гардид баҳри муслимин, Моҳи поку моҳи меҳмон меравад.