Суйи кӣ ханда мекунад чашми зи ман рамидаат? Дар таҳи лаб кӣ мегирад ғабғаби ногазидаат? Оҳ, ҷавонии маро дасти ту мекашид бағал, Дар бағали кӣ метапад пайкари ноздидаат? Дидаи боғбони пир сӯйи самост ин замон, Саҳми кӣ мешавад кунун меваи норасидаат? Кист, ки рахт меканад аз бадани ту як шабе, Болини нарм мекунад пеши бари дамидаат? Мерасаду намешавад панҷаи дасти ҳеч кас, Шона ба зулфи печ-печ, дар бари рӯ хамидаат. Ҷойи маро намегирад ҳеч касе ба бистарат, Нек ба хотират супор ҳарфи зи ман шунидаат....****