Баҳри булбул бӯи гул андар баҳорон давлат аст,
Баҳри ошиқ симу зар не,бӯсаи ёр сарват аст.
Ошиқон гаҳ кабки маст,гоҳ нолон ҳамчун най,
Ин ҳама ширинию талхӣ зи нақши қисмат аст.
Дидаам бас ошиқонро лаб ба лаб дар кӯчаҳо,
Ваҳ аз "ишқи поки онҳо",мардумон дар ҳайратанд.
Эй Раҳимӣ,дар ҷавонӣ ёди пири орзуст,
Вақти пирӣ ёд кардан аз ҷавонӣ ҳасрат аст.