Маро тарк кардиву рафтӣ, пушаймон мешавӣ рӯзе.
Ҷигархун кардиву рафтӣ, пушаймон мешавӣ рӯзе.
Дуоят мекунам ҷоно, ки ёрат бовафо бошад.
Агар бо бевафо рафтӣ, пушаймон мешавӣ рӯзе.
Нагӯй, ки маҷбурӣ бурданд, зи ин оғӯши гарми ман,
Маро сӯзондиву рафтӣ пушаймон мешавӣ рӯзе.
Туро ман ёри худ хондам ғаматро бар дилам мондам,
Маро ғам додиву рафтӣ, пушаймон мешавӣ рӯзе.