► ГУРУҲИ ИСЛОМИ. ﻪﻠﻟﺍ Танзиҳи Аллоҳ таъоло аз чиҳат ва макон назди ҷумҳури улламо: мавзуъи муҳими ақидавӣ: Ба номи Аллоҳи бахшандаи меҳрабоне ки тағйир медиҳаду тағйир намеёбад ва салоту салом нозил бод бар Расули у ва олу асхоби расул аммо баъд: хонандаи азизу гироми бидон ки донистани асмо ва сифоти Аллоҳ таъоло яке аз беҳтарин ва бо фазилат тарини илмҳо мебошад, донистани асмо ва сифоти Аллоҳ таъоло асли ҳамаи улум ва маншаи ҳамаи саодатҳо мебошад, ки маҳз ба ҳамин роҳ инсон холиқи худро мешиносад ҳаминаст ки ин илм— тавҳид— ақида— илми усул низ ном гузори шудааст чунки асли дини мубини ислом тавҳид ва якто парасти мебошад илми таҳхид- ақида- яке аз муҳимтарин ва бузургтарин улум мебошад