Дар девонахонае аз девонае пурсиданд, ки чи сабаб шуд, ки девона шудӣ? Девона гуфт: хуб маро гуш кунед, агар инро нафаҳмед шумо ҳам шояд девона шавед. Ман чанд сол пеш худам 22 сола будам як зани 39 соларо ба занӣ гирифтам, ки ӯ як духтари тақрибан 20 сола дошт, духтар ҳам бешавҳар буд, падарам, ки 43 сола буд духтари занамро никоҳ карда гирифт, дар ин ҳолат падарам домоди занам шуд ва занам хушдомани падарам. Аз тарафи дигар духтари занам, ки зани падарам ва ё моиндари ман аст як писар зоид, он писар бародари ман шуду набераи занам, ки аз як ҷиҳат набераи ман ҳам мешавад, натиҷааш ин шуд, ки ман бобои бародари худ шудам. Чанд вақт баъд зани ман ҳам писаре зоид, ки барои зани падарам додар