,,ПАРИВАРА,, қиссаи воқеӣ,Муаллиф:МУСТАФОИ РАЧАБЗОД Исмат дар шохи дарахти санҷид либоси аскардошта ресмони гов дар гардан,худро овехта буд.Чашмонаш нимпӯш мисле,ки роҳи касеро поидаву аз карда пушаймон бошад.Ҳамон бегоҳи пеш аз воқеа руй додан гови сиёҳи аллаи як шохаш росту яктоаш каҷ бе ресмон ба хона баргашт.Дил гувоҳи ҳақ аст гуфтаанд, Дили Парвина хола ноором буд. Аҷабо ресмони ба гузапояхо бастаро ки гирифта бошад? Вақтҳои охир рафтори тағйир ёфтаи писари дувумаш Исмат,дили модарро гамгин месохт.Исмат хонандаи фаъоли мактаб буд.Падараш дар ҷамоъат вазифаи котибиро иҷро мекард. Исматро устодон огоҳ карданду баҳри омодаги дидан ба олимпиадаи даврӣ як чанд китоб доданд то ҳамаи китобҳоро