ТАРОНАИ БАҲОРӢ
Салом, эй фасли зебои ман. Ҳамрози қалби ман. Эй азизи ман, боз наздат баҳри хотираҳои беназири худро бори дигар варақгардон менамоям.
Оре, омаданатро хеле бесаброна интизор мешавам, аллакай қадамҳоятро дар остонаи диёр эҳсос мекунам ва баробари фарорасиат туро дар диёри афсонавӣ муборакбод мегӯям.
Эй фасли зебо, ҳар сол ҳамин ҳангом аз омад-омади пештар хабардор мешудам. Бо бӯйи гулу хониши булбулон маро фирефтаи худ мегардондӣ. Ту медонӣ, ки ман аз шукуфаҳои аввалини дарахтон чун кӯдак ба ваҷд меоям. Ҳар гули шукуфтаатро бо шавқ ба ман нишон медодӣ ва аз тамошоят лаззат мебарам. Дар васфат мехоҳам, лавҳаҳои беҳтарро рӯйи сафҳа орам. Баҳрат шеъре эҷод намоям.
Бале, ту ба ҳама