Предыдущая публикация
Следующая публикация
Свернуть поиск
Сервисы VK
MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
Войти
  • Главная
  • Видео
  • Группы
  • Люди
  • Публикации
  • Игры
  • Подарки
  • Поздравления
  • Рекомендации
  • Помощь
  • русский
Левая колонка
Фотография "Вақт ғанимат аст!"

VaTan SaRmOyAi BuDu NaBuDaM

Последний визит: 8 июл 2019
Фотография "Вақт ғанимат аст!"
Фотография от VaTan SaRmOyAi BuDu NaBuDaM
Фотография "Яке аз олимони Ислом Худованд нигохбонашон бошад.Tjk"
Фотография "Муъмин он бошад, ки андар чазру мад,
Кофир аз имони он хасрат хурад."
Фотография "Яке аз уламохои бехтарини Точикистон"
Фильтр
ЗаметкиУвлечения
VaTan SaRmOyAi BuDu NaBuDaM
30 мая 2016
Дар китоби Орифи Чоҳи Обӣ омадааст.

Гуфтугӯи падар ва писар.

***ПАДАР***

Ҷон ту эй писар гардиши даврон надидаӣ,
Рӯзи сиёҳу ҳоли парешон надидаӣ.
Ташвиши рӯзгор ту чандон надидаӣ,
Бори аёл гиряи тифлон надидаӣ.
Гоҳ шавқи бода дар сару гоҳе ҳавои боғ,
Гоҳе ба базм моил ва гоҳ тафрихи димоғ.

***ПИСАР***

Ҷон эй падар, ту ғамзаи хубон надидаӣ,
Дар сина захми новаки миҷгон надидаӣ.
Дилбастагӣ ба зулфи парешон надидаӣ,
Шоми фироқу талхии ҳиҷрон надидаӣ.
Маҷнун куҷо ба панди падар гӯш мекунад,
Лайлии ноз дона фаромӯш мекунад.

***ПАДАР***

Эй писар давидани бе бок то ба кай,
Ғоф
VaTan SaRmOyAi BuDu NaBuDaM
28 мая 2016
Иқболи Лоҳурӣ – нуктасанҷи ховарӣ Хуш биё, эй нуктасанҷи ховарӣ, Эй, ки мезебад туро ҳарфи дарӣ. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) аз зумраи бузургтарин ва машҳуртарин суханварони форсизабон ва мутафаккирони исломии нимаи аввали қарни ХХ нимҷазираи Ҳинд буда, бо осори ғановатманду пурмазмун ва саршори ғояҳои олии инсондўстии худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баландеро ишғол менамояд. Ҳаёту фаъолияти эҷодӣ ва таълифоти гуногуншаклу мухталифмазмуни Иқболи Лоҳурӣ аз дер боз боз мавриди таваҷҷўҳу омўзиш ва таҳқиқи пажўҳишгарони Шарқу Ғарб, ба вижа аҳли таҳқиқи Ҳинду Покистон, Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Онҳо доир ба Муҳаммад Иқбол ва о
VaTan SaRmOyAi BuDu NaBuDaM
23 мая 2016
(идомаи ҳадисҳои мубораки Расули акрам (с))

101
Ҳамнишинӣ бо носипосону ноинсофон ҷойиз нест.
102
Ба рӯзгор дашном надиҳед, ки рӯзгор ҳам они Худо аст.
103
Мурдагонро дашном надиҳед, ки мояи озори зиндагон аст.
104
Мурдагонро дашном надиҳед, онҳо ба ончи пеш фиристоданд, расиданд. (Яъне, ба сазои кирдори дунёии худ гирифторанд).
105
Дасти хеш ба ҷомаи касе, ки намепӯшонӣ, пок макун.
106
Ғайбати мусулмононро накунед ва дар ҷустуҷӯи айби онҳо набошед.
107
Ҳиҷ амали некеро кӯчак машумор.
108
Мабодо чун шиддате рӯ овард, таманнои марг кунӣ.
109
То саранҷоми кори касеро набинед, ба амалаш хушдил набошед.
110
То ақли касеро насанҷед, бо салома
VaTan SaRmOyAi BuDu NaBuDaM
10 мая 2016
ҲАЗОРУ ЯК ҲАДИС

Ба номи Худованди ҷону хирад

Эй Расули ман, мардумро ба сӯи Худои худ бо ҳикмат ва мавъизаи некӯ даъват кун ва бо беҳтарин роҳи даъват бо онон мунозира кун. (Қуръон, сураи Наҳл, ояти 125)

СУХАНОНИ ҲАЗРАТИ МУҲАММАДИ МУСТАФО (С)

1
Бидонед: бинотарин чашм он аст, ки
дар роҳи хайр боз шавад.

2
Бидонед: шунавотарин гӯш он аст, ки барои бедории дил сухан фаро гирад.

3
Бидонед: қаноат ва тасаллут (ғолибият) бар шаҳват бузургтарин покдоманӣ ва тақвост.

VaTan SaRmOyAi BuDu NaBuDaM
27 апр 2016
ҲИКОЯҲО АЗ «ДАСТУР-УЛ-МУЛУК»

ҲИКОЯТ
Азизи ман, дурри ишқ дар ҳар баҳр қарор нагирад ва райҳони муҳаббат дар ҳар бӯстон нарӯяд ва мурғи олиҳиммати ишқ дар ҳар шох ошён насозад ва ҳар тардомане тоқати неши анқои муҳаббат наёрад. Ошиқоне, ки гули мурод аз гулзори умед чидаанд ва аз мазраъаи ҳаёт ба ҳусулу самар расидаанд, аз неши ҳар хор чандин ҳазор озор кашидаанд ва аз ранҷи меҳнати ағёр балои бешумор дидаанд, то аз насими бӯи ҷонон гуле шамидаанд ва дар базмгоҳи ҷон нафасе орамидаанд, чунон ки гуфтаанд:

Хуни худро мушк кардан кори ҳар бедард нест,
Нофаро гардид аз ин андеша мӯи сар сафед.

VaTan SaRmOyAi BuDu NaBuDaM
17 апр 2016
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ВОДИИ ВАХЁ

Водии Вахё гӯшаи зебоманзари ватанамон мебошад. Ин водӣ дар ҳавзаи дарёи Хингоб ва шохобҳои он - Оби Арзинг ва Оби Мазор, ки аз пиряхҳои Гандо, Гармо ва Федченко маншаъ мегиранд, дар байни қаторкӯҳҳои Пётри 1 ва Дарвоз ҷойгир аст. Водӣ аз Ғарб ба Шарқ дар масофаи бештар аз 160 км тӯл кашида аст.
Бештари мардумони ҳавзаи дарёи Хингобро вахёчӣ мегӯянд. Дар навбати худ водии Вахё ба ду қисмат, яъне Вахёи боло (аз Ҷари Бахт боло то охири водӣ) ва Вахёи поён (аз Ҷари Бахт поён) ҷудо мешавад.
Водӣ аз маҳаллаи Сари Ҷар, воқеъ дар фосилаи 150 км шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ сар шуда, қад-қади дарёи Хингоб, аз рост қаторкӯҳи Пётри 1 ва аз чап қат
На этом пока всё
Войдите в ОК, чтобы посмотреть всю ленту

251

  • Khürśhęd Šāįdâkràmøv
    Khürśhęd Šāįdâkràmøv
    Кемерово
  • kamol suydare
    kamol suydare
  • Резвонов Ахлиддин
    Резвонов Ахлиддин
    Москва
  • Муродов Ёдгор
    Муродов Ёдгор
    Душанбе
  • Денис Банковский
    с. Венгерово (Венгеровский район)

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.

Зарегистрироваться