📚Вожаи Тоҷик дар ашъори бузургон📚Гирдоваранда Абумуслим Юсуфӣ
Зи Чину Мочин якрӯя то лаби Ҷайҳун,
Зи Турку Тоҷик в-аз Туркмону Ғузу Хазар.
📕Унсурӣ - (980—1039)
Он сарвболо кист он, к-аз васф лол астам забон,
Дар ишқи ӯ девона шуд ҳам турку тоҷику араб.
📓Абдулқодири Гелонӣ -(1077 - 1166)
Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам.
📘Ҷалолуддини Балхӣ -(1207-1273)
Турк кӣ, тоҷик ки зангӣ кӣ, румӣ кӣ?
Моликулмулке ки донад мӯбамӯ сирру ъалан.
📙Ҷалолуддини Балхӣ -(1207-1273)
Як ҳамлаву як ҳамла омад шабу торикӣ,
Туркӣ куну чустӣ кун, на нармию тоҷикӣ
📗Ҷалолуддини Балхӣ -(1207-1273)
Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст,
Чу ҷон бо