Аз мо ризою норизо, як соли умри мо гузашт, Ҳам бобаҳо ҳам бебаҳо, як соли умри мо гузашт. Гармою сармояш куҷо? Шодию андуҳаш куҷо? Шуд ину онаш ҳам фано, як соли умри мо гузашт. Ранҷидаву ранҷондаем, ранҷондаву ранҷидаем, Ранҷидаҳо, ранҷондаҳо, як соли умри мо гузашт. Бас тоқҳо ҷуфте шуда, бас ҷуфтҳо тоқе шуда як соли умри мо гузашт..