Одамони бекор, кор кардан мехоҳанд, одамони кордор аз кор дилгир шуданд. Фақирон доро шудан мехоҳанд, дороён хурсанд шудан мехоҳанд. Одамони машҳур, пинҳон шудан мехоҳанд, мардуми оддӣ дунболи як порча нон. Сиёҳпуст, сафедпуст шудан мехоҳад, сафедпуст бошад, худро таги офтоб ранги дигар медиҳад. Мисолҳо хело зиёданд, аммо мақсади ман ҳамин аст, ки агар хурсанд шудан бихоҳӣ, пас ба он чӣ, ки соҳиб ҳастӣ, шукрона бикун.