ПАНДИ ПАДАР БА ФАРЗАНДАШ.
• Мунтазири ҳеҷ дасте дар ҳеҷ ҷойе аз ин дунё мабош ва ашкҳоятро бо дастони худат пок кун. (ҳама роҳгузаранд).
• Забон устухон надорад вале онқадар қавӣ аст, ки метавонад ба осони қалберо бишканад. (муроқиби ҳарфҳоят бош).
• Ба касоне, ки пушти сарат ҳарф мезананд, бе эътино бош, онҳоро ҷояшон ҳамонҷо аст, дақиқан пушти сарат. (гузашт дошта бош).
• Гоҳе Худованд барои ҳифизи ту касе ё чизеро аз ту мегирад, исрор ба баргаштанаш накун, пушаймон хоҳӣ шуд. (Худованд вуҷуд дорад, пас ҳикматашро қабул кун).
• Умри ман 70-сол аст вале мисле, ки дар 7-дақиқа гузашт, ва дорад ба охир мерасад. (ту дар ин дақиқаҳои кам, касеро аз худат нороҳат накун).
• На сафеди баёнг