Ҷудо гаштам зи домонат, паноҳат бар Худо Модар, Худо бошад нигаҳбонат, паноҳат бар Худо Модар! Надидам аз касе меҳре, ки дорад чашми пазмонат, Фидои чашми пазмонат, паноҳат бар Худо Модар! Ду дасти бар дуо дорӣ, ки бошад сабз ҷони ман, Дилу ҷонам ба дастонат, паноҳат бар Худо Модар! Бубахшо шири покатро, суруди дарднокатро, Ба фарзанди ғарибҷонат, паноҳат бар Худо Модар!!****