Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Барои Худованд фариштагоне ҳаст, ки дар роҳҳо дар пайи аҳли зикр мегарданд ва чун гурўҳе биёбанд, ки ба зикри Худо машѓуланд , ҳамдигарро садо мекунанд ва Парвардигорашон аз онҳо суол мекунад дар ҳоле, ки донотар аст бандагонам чи мегўянд? Фариштагон мегўянд: Тасбиҳ, такбир ва ҳамди Туро мегўянд ва Туро ба бузурги ёд мекунанд. Мефармояд: Оё маро дидаанд? Гўянд: На, валлоҳи Туро надидаанд. Мефармояд: Чи гуна аст агар маро бубинанд? Мегўянд: Агар Туро медиданд бештар бароят ибодат намуда, фузунтар Туро ба бузурги ёд намуда ва зиёдтар тасбиҳи Туро мегуфтанд. Боз мефармояд: Чи мехоҳанд? Мегўянд: Аз ту биҳиштро мехоҳанд. Мефармояд: Оё онро