Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад, Бимон, дар чашмҳои ту ҷавониям ҷавон монад. Ту бо он ҳусни оламгир аз олам чӣ мехоҳӣ? Бимон, дар шеъри ман аз дарди ишқи ту нишон монад. Ба мисли хандаҳои обшорон хандаҳои ту, Худодод асту нотакрор он ҳусни расои ту. Кунам барчош ҳар як мисрау ҳар ҳарфи шеърамро Шаби ҷашни арӯсият ба қадди дилрабойи ту. Туро мехоҳам, эй маҳтоб, дар шабҳои маҳтобӣ, Туро чун хоб мехоҳам дар ин шабҳои бехобӣ. Намеойӣ, намеҷӯйӣ, вале баъди ҳазорон сол Маро чун устухони Рӯдакӣ аз хок мекобӣ…