Дар ҷараёни хабарҳои фейкӣ ва сарлавҳаҳои воҳиманок, саводнокии расонаӣ маҳорати муҳим ва зарурии замони мо шудааст. Дар ин матлаб мо ба шумо дар бораи 10 вожаи муҳиме, ки ҳар як шахси саводноки расонаӣ бояд донад, маълумот медиҳем. Инҳо танҳо калима нестанд, балки воситаҳое ҳастанд, ки бо донистанашон Шумо ҳамеша дар иҳотаи саводи расонаӣ монда, ахборро дуруст мутолиа мекунед ва ба хабарҳои бардурӯғ бовар нахоҳед кард.
📌Ғараз. Журналист ва муаллифи матлаб метавонад мавқеи танҳо як тарафро бидуни нишон додани мавқеи тарафи дигар дидаву дониста дастгирӣ кунад ё ҳатто тарғиб кунад. Муҳим он аст, ки ҳангоми пешниҳоди хабарҳо ва матлаби рӯзноманигорӣ дар пешниҳоди фактҳо ғараз набошад, зеро и