Зиндагӣ сахт аст, бо ҳар кор одат мекунӣ,
Бо хазонрези гулу гулзор одат мекунӣ.
Зиндагӣ омезаи такрору тақлиду ҳавост,
Оқибат бо ин ҳама такрор одат мекунӣ.
Эй муҳоҷир, аз ғарибӣ бозгардӣ хонаат,
Варна бо муздурии ағёр одат мекунӣ.
Меравӣ доманкашон бо орзӯҳои баланд,
Бо садои кучаву бозор одат мекунӣ.
Медавӣ аз субҳ то шом аз пайи ризқи ҳалол,
Шаб ба нони хушки заҳматбор одат мекунӣ.
Баски дар дилҳои мардум аҳду паймоне намонд,
Бо хиёнаткории дилдор одат мекунӣ.
Ҳалқаи зулфи парирӯе биафтад гарданат,
Мисли Мансури худо бо дор, одат мекунӣ.
Ҳубби дунё мекунад ғофил дили озодаро,
Ранҷи дунё бигзарад, бигзор, одат мекунӣ!
Беҳруз Забеҳулло