Сирати паёмбар (с) Азвоҷи мутаҳҳарот(р) Ва саҳобаи каром (р) Оё инро аз сирати Паёмбари Ислом (с) медонед? 1. Паёмбари мо кист? - ҳазрати Муҳаммад (с) фарзанди Абдуллоҳ. 2. Паёмбари мо дар чӣ таърихе ба дунё омад? - 9-уми, ё 12-уми Рабеъул аввал «омул фил», мувофиқ ба 20, ё 22 апрели соли 571 баъд аз милоди Исо (а). 3. «Омул фил», чӣ маъне дорад? - Яъне, соле ки филсаворон мехостанд, каъбаро хароб кунанд, аммо худашон ба воситаи паррандагони «Абобил», ҳалок гаштанд. 4. Паёмбар (с) дар кадом шаҳр ба дунё омад? - Дар шаҳри муқаддаси «Маккаи муъаззама». 5. Оё замоне, ки Паёмбарр (с) ба дунё омад, падараш дар қайди ҳаёт буданд? - На. 6. Паёмбар (с) дар чандсолагиаш модарашро аз даст дод? - Дар ш