Эй марди гариб харгиз ту бемор машав. Аз такдири талхи худ дилозор машав. Гар чархи фалак ба души ту гам орад. Маъюсу чигар сухтаю афгор машав. Аз мулку ватан шиква ба хар кас ту макун. Бе номусу бе химмату бе ор машав. Ин чархи фалак абад намемонад чун. Гофил зи хамон кудрати чаббор машав. Аз хона баромади дар ин рох ба ният. Бар нафси шайтон ту гирифтор машав. Гар чон ба лабат расид аз ин танг дасти. Бар лукма фурухта дину кофир машав...