Паёмбари Худо (с) фармудаанд: «Дуо ибодат аст». Вақте дуо
ибодат аст, як бандаи муъмин ҳамеша дасти дуоро ба даргоҳи илоҳӣ баланд намуда,
мегӯяд: Парвардигоро, маро бубахш, Парвардигоро, ман
аз Ту ёрӣ меҷӯям, Парвардигоро, ман аз ту аз ҳар навъи бадиҳо наҷот мехоҳам.
Худованди бузург мартаба ҳамвора бандагони хешро дар
паноҳ ва раҳмати беандозааш нигоҳ медорад. Худованд мефармояд: «Чун бандагони Ман
дар бораи Ман аз ту бипурсанд, бигӯ, ки Ман наздикам ва ба нидои касе, ки Маро
бихонад, посух медиҳам. Пас, ба нидои Ман посух диҳанд ва ба Ман имон оваранд, то
роҳи рост ёбанд!»