Андеша кун,эй ҷони ман дар хок яксон мешави.
Кун тавба пеш аз вақти марг,фардо пушаймон мешави.
Ин макри шайтони залил,олуда кард моро ба гил.
Гуш деҳ бар амри Чалил, шодону хандон мешави.
Бош ошиқи шайдои ӯ, фармонбари фармони ӯ.
Поят макан аз роҳи ӯ, маҳбуби Рахмон мешави.
Имруз вақти бандагист, на фурсати шармандагист
Занчири шайтонро шикан, вориди даргох мешави.
Рохе кушо дар зиндаги, бахри адои бандаги.
Таслими даргоҳаш бишав, бо нури имон мешави.
Дар рохи поки Мустафо, бош устувору бо вафо.
Дар маҳшари рузи ҷазо, ду дасти боло мешави.
Гуфто Ҳамадони хамин: сарро бизан ту дар замин,
Зеро пас аз дорул фано, оғушта бар хок мешави.