Падарам, рафт зи барам, давлати дунё падарам, Падарам рафт зи барам, имруз бишкаст камарам, Зи гаму андухи тар шуда ду чашми сарам, Тири андух расид имруз бар фарки сарам, Падарам, во падарам, во падарам, во падарам. Марг имруз туро аз багали мо бирабуд, Ногахон аз бари мо ризки худодода рабуд, Марг омад ба бараш, чон зи танаш канда рабуд, Ачал омад ба сараш чони худодода рабуд, Падарам, во падарам, во падарам, во падарам. Хона мотамзада шуд, дар гами ту ман чи кунам, Ту буди бом ба хона, бом бирафти чи кунам, Чордеворат падарам бом надорад чи кунам, Бахту икбол бирафт аз бари ман, ман чи кунам, Падарам, во падарам, во падарам, во падарам. Хохаронам гиря доранд, гуш дори падарам, Модарам нол