Модари 96-сола барои мардум пул сохт
Баъзан нафаронеро рӯ ба рӯ мешавем, ки мушкили ҷомеаро мушкили худ шумурда, барои бартараф намудани он талош меварзанд, бо амали хайру савоб вайронаеро обод карда, аз худ номи нек ба ёдгор мемонанд.
Чунин нафарони хайрхоҳ дар ноҳияи Файзобод кам нестанд. Гадобегим Исматоваи 96-сола аз зумраи онҳост. Чанде пеш ин бонуи рӯзгордида бо тасмими худ мушкили сокинонро бартараф намуд, ки қобили сутуданӣ ва пайравист.
18-уми майи соли равон дар пайи боришоти зиёд ба деҳаи Заркамари шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод сел омада, ду пули мошингузарро пурра валангор намуд. Дар натиҷа, дар рафтуомади мардуми деҳа мушкил пеш омад. Момои Гадобегим, ки дар да