Чи созам, ки дилам андар фироки ер месузад. Ба мисли лахчаи пинхони оташдор месузад. Фиканда худ зи бедоди ба оташхонаи ишкаш, Ба мисли чуби тар охиставу ночор месузад. Барояд у зи пешам гар, зи сар то по вучудамро. Нигохи оташин аз наргиси хуммор месузад. Кадам монам ба гулзораш ба еди у, вале чонам, Чи берахми, ки аз неши гули бехор месузад. Забонам, гар бихохам роз гуфтан, лол мемонад, Лабонам дар хасрати он лаъли шаккарбор месузад. Намедонам, чи сон гуям ба у дарди дили хунам, Сухан андар забони лоли ман хуншор месузад.