Аё модар дуое дех бароям,
Ки солим то ба даргохат дароям.
Манам фарзанди рахдури ту модар,
Дуоям дех ки мухточи дуоям.
Маро зоди калонам карди модар,
Хабардор аз чахонам карди модар.
Ки ёбам то насиби зиндагиам,
Ба дурихо равонам карди модар.
Равон кардиву гуфти, эй чигар банд,
Бирав хону, бишав шахси хирадманд.
Бишав ту обу руи миллати худ,
Ба шеьру шоири дил банду,дил банд.