Модаро чун ёди рӯят мекунам, Ёди он рӯи накӯят мекунам. Дил ҳамехоҳад ба оғушат кашам, Лек танҳо орзӯят мекунам. Чун ки дури модаро аз пеши ман, Ҳар каломат марҳаме бар реши ман. Эй тасалобахшу ғамогоҳи ман, Эй ягона шахси хайрандеши ман. Модаро эй давлати ноёби ман, Медароӣ ҳар гаҳе дар хоби ман. Кош соатҳо бубинам рӯи ту, Кош бе анҷом буди хоби ман. Ғамшарику меҳрубонам модарам, Меҳрат андар ҷони ҷонам модарам. Кош сер мегаштам аз дидори ту, Ман чу ҷисму чун равонам модарам