Гилаи Риш Афсус ки ба рухсораи Тоҷик бидамидам Ҳеҷ рӯзе хуше баъди дамидан, ки надидам. Руйидаму дар руйи ту таҳқир шунидам. Як дасти касиф омаду аз реша буридам, Гӯ ,чист гуноҳам , ки ин қайчибадастон, Таъқиб кунандам ба ҳар роҳу хиёбон, Ҳайрон шудам аз кори худу бачаи инсон, Ин тоифаи булаҷаб, ин мисли сутурон! Ин душманӣ бо ман зи сари чист надонам , Дин аст сабаби нафрати эшон ба гумонам. Ин динтарошист на риш аст, вагар на, Ман рамзи мазоҳиби ба ҳақ, мазҳабашонам! Дар мазҳаби ин тудаи овораи нодон, Ин тудаи аз ҳикмату аз илм гурезон. Қайчидани ман аз назари фиқҳ гуноҳ аст Ҳайронам аз ин мазҳаби ин қайчибадастон. Ё ман , сабаби танқисии зиндагишонам? Ё ман , сабаби сархамишон руйи ҷаҳон