МУНОҶОТИ ИБРОҲИМ.
Худо ҷуз ту касе ёрӣ надорад,
Касе дасти мададгорӣ надорад.
Ту он зотӣ, ки бояд ман парастам,
Ба ҷуз хоҳиш чизе н - ояд зи дастам.
Мани шармандаро расво магардон,
Ғуломи нафси ин дунё магардон.
Зи ғайбат баста кун кому забонам,
Ба сахтиҳо макун ту имтиҳонам.
Раҳи фардои ман обод бинмой,
Ба рӯям боби раҳматро ту бикшой.
Азоби қабру сахтиҳои онро,
Намо осон ба ин осии гумроҳ.
Ҷаҳаннамро магардон ту маконам,
Худовандо, ба фирдавсат расонам.
Чунон ҷурмам фарох аст, айбам ояд,
Ба ҷуз ту ки ба ман шафқат намояд.
Раҳими ту, аё Маъбуди бечун,
Ба ман раҳме намо, бошам ҷигархун.
Магардон ноумеду хастаҳолам,
Шафиқе ку ба мислат дар ду олам.
Шафоъоти Расули инсу ҷонро,
Насиб