Фазилатҳои Намози Бомдод. Намози Бомдод шикоят аз он мекунад, ки намозгузоронаш андаканд, дар ҳоле, ки ў як намози пурбаракату муборак буда, ки ҳатто Худованд ба вақти ин намоз савганд ёд намудааст, чуноне, ки Худованд худ мефармояд: «Савганд ба вақти намози бомдод, ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ рўзи аввали зулҳиҷҷа).» (Сураи Фаҷр, оёти 1-2) Чӣ қадар аз ҳасаноту савобҳоро аз даст додаӣ он рўзе, ки хоб намуда, Намози Бомдодро нахондаӣ! Намози Бомдод мисли шабрро пурра бо намозу зикр зиндадорї кардан аст. Паёмбар (с) мефармоянд: ﻗﺎﻝ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭ ﺳﻠﻢ : " ﻣﻦ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻌﺸﺎﺀ ﻓﻲ ﺟﻤﺎﻋﺔ ﻓﻜﺎﻧﻤﺎ ﻗﺎﻡ ﻧﺼﻒ ﺍﻟﻠﻴﻞ ﻭﻣﻦ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﺼﺒﺢ ﻓﻲ ﺟﻤﺎﻋﺔ . ﻓﻜﺄﻧﻤﺎ ﻗﺎﻡ ﺍﻟﻠﻴﻞ ﻛﻠﻪ " ﺃﺧﺮﺟﻪ ﻣﺴﻠﻢ «Шахсе намози хуфтанро бо ҷамоат