Гами дил бар ки гуям,эй азизон, Ки дурам аз канори ёру дустон. Дар ин шахри гариби хор гардам, Худовандо ту донӣ сӯзу дардам. Бахор омад ба мулки Точикистон, Чу булбул дур мондам аз гулистон. Дар ин шахри гариби бенавоям, Ало модар бикун ҳардам дуоям. Хамехохам,ки боши шоду хандон. Марезон оби чашмат Модари чон. Хамеша гӯӣ Модар, эй Амирам, Биё, ки бе ту рӯзе ман бимирам. Ду чашмонат хамеша ҳаст бар дар, Маро хар лахза пазмони ту Модар. Ки боз оям ба огушат бигирӣ, Ки бе ман бар ғами олам асирӣ . Худо хохад, ки оям аз гариби, Ба дарди бедавои ман табиби. Ало Модар, туро соле надидам, Зи дурият шароби ғам чашидам. 0 Класс! •