Эй Худоё такягохам модарамро зинда дор, Зеби гулзори хаётамро мудом поянда дор. Сарвати яктои гулистони хаётам модарам, аст, Соябони шодиву гам дар хаётам модарам, аст. Бе ту модар зи хасти кай нишон мебуд маро, Кош модар дар чахон човидон мебуд маро. Додааст аз чашмаи шири сафедаш насиб, Эй Худо дарёи рахмат дар равонаш кун насиб. Чуз гами фарзанд надорад дар чахон у гуссае, Эй Худо аз хоки пояш кун насибам буссае. Дар дуо аз бахри фарзанд мекунад дилро кушод, Модари чон чони ман садкаи номи ту бод...!