Анбиё бо сад алам рафтанд, ту хам мерави, Авлиё бо чашми нам рафтанд, ту хам мерави. Ошикон бо синаи афкор доим ашкбор, Чониби хоки адам рафтанд, ту хам мерави. Дардмандон аз гами дилдор нолон рузу шаб, Дар гами руи санам рафтанд, ту хам мерави. Нозанинони чахон чун гунчаи гул дар шукуфанд, Дар хазони дарду гам рафтанд, ту хам мерави. Подшохон дар гурури точу тахту молу мулк, Монда мулку чоми Чам рафтанд, ту хам мерави. Хар муборизи саркаши рустаминони рузгор, Дар дами теги дудам рафтанд, ту хам мерави. Он биёбонгард абдолони сайёхи висол, Суи дарбори карам рафтанд, ту хам мерави.