Саге,ки туъмаи у устухон аст, Ба чону дил мухибби хонадон аст. Агар садбор ронад сохиби у, Нагардонад аз он поси намак ру. Занад гар зарб ки,гардад боадабтар, Ки бусад дасту дар пояш нихад сар. Наояд дар хаёлаш боби дигар, Равад халка занад гашта бар он дар. Нагардад дилхунук аз рондани он, Равон аст аз паси у карда афгон. Чаро ту кадри неъматхо надони, Ба кадри устухони саг надони.