умматаш Аз Анас (р) ривоят шудааст, ки
гуфт: «Паёмбар (с) гуфт: ҳар гоҳ ки ман
дохили намоз мешавам, мехоҳам
намозаро дароз бихонам, лекин чун гиряи
кӯдакон ба гӯшам мерасад, намозро
сабуктар мехонам, то ташвиши модарро
бартараф кунам». (Ривояти Бухорӣ ва
Муслим) Аз Абуҳурайра (р) ривоят
шудааст, ки гуфт: « Марде назди паёмбар
(с) омаду гуфт: Эй расули Худо! Ман
ҳалок шудам. Паёмбар (с) гуфт: вой бар
ту, чи мегӯӣ? Он мард гуфт: бо занам дар
Рамазон ҳамхоба шудам. Паёмбар (с)
гуфт: ғуломеро озод кун, он мард гуфт:
тавони онро надорам, Паёмбар (с) гуфт:
ду моҳи пайдар пай рӯза бигир. Он мард
гуфт: тавони инро низ надорам. Паёмбар
(с) гуфт: шаст мискинро таъом бидеҳ. Он
мард гуфт: тавони инро низ надорам. Дар
ин ҳангом ба назди паёмбар (с) касе
шираи хурмо овард, Паёмбар (с) ба он
мард гуфт: инро бигир ва садақа кун, он
мард гуфт: оё ба хонаводаи худам ё ба
дигар кас? Савганд ба он Зоте, ки ҷони
ман дар дасти ӯст, аз авал то охири
Мадина мисли ман эҳтиёҷманде вуҷуд
надорад. Паёмбар (с) чунон хандид, ки
дандонҳои муборакаш намоён шуданд,
сипас гуфт: инро бигир ва бо хонаводаат
бихур». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Бубинед азизон! ин мард муртакиби
гуноҳи бузурге шудааст ва бояд бо яке аз
он се ҷазо муҷозот мешуд, вале дар охир
аз назди паёмбар (с) бо ҳадяи гаронбаҳо
ба хонааш баргашт, ки онро бо
хонаводааш якҷоя мехӯранд. Ин чи дилест
дар синаи паёмбар (с) бо ин қадар
меҳрубонӣ, ин кадом дараҷаи раҳматест,
ки гунаҳкорро бо ҳадяе аз наздаш шоду
хандон ба сӯи хонааш бармегардонад.
Албатта ки ин ҳамон Муҳаммад (с) аст, ки
Худованд дар ҳақаш мегуяд: ﭽﻭَﻣَﺎٓ
ﺃَﺭۡﺳَﻠۡﻨَٰﻚَ ﺇِﻟَّﺎ ﺭَﺣۡﻤَﺔٗ ﻟِّﻠۡﻌَٰﻠَﻤِﻴﻦَ
١٠٧ﭼ [ﺍﻷﻧﺒﻴﺎﺀ : ١٠٧ ] «Ва фиристодем туро
фақат барои он, ки мехостем ба мардуми
ҷаҳон раҳмате ато кунем». (Сураи Анбё,
ояти 107) Боз мефармояд: ﭽﻭَﺇِﻧَّﻚَ
ﻟَﻌَﻠَﻰٰ ﺧُﻠُﻖٍ ﻋَﻈِﻴﻢٖ ٤ ﭼ [ﺍﻟﻘﻠﻢ : ٤ ] «Ва
ҳамоно ки ту дорои ахлоқи азиме
ҳастӣ» (Сураи Қалам, ояти 4) Аз Анас ибни
Молик ривоят аст, ки гуфт: « Ҳангоме ки
мо бо паёмбар (с) дар масҷид нишаста
будем, бодиянишине омаду дар кунҷи
масҷид пешоб кард, саҳобаҳо ҳама бо як
овоз гуфтанд: маҳ маҳ (ҳе ҳе ҳе) паёмбар
(с) гуфт: ӯро бигузоред, сипас ӯро ба ҳоли
худ гузоштанд, то ин ки ҳоҷаташро тамом
кард, сипас ӯро паёмбар (с) ба наздаш
хонду гуфт: инҷо масҷид аст ва дар инҷо
мисли ин корҳо на пешобу на дигар намуд
палидиҳо ҷоиз нест, балки инҷо махсус
барои зикри Худованду намозгузори ва
хондани Қуръон аст, сипас мардеро аз
саҳобаҳояш амр кард, ки дар обдоне об
биёраду болои палидӣ бипошад». (Ривояти
Бухорӣ ва Муслим) Аз Оиша (р) ривоят
шудааст, ки паёмбар (с) дар назди гурба
(пишак) косаи обро мегузошт ва гурба аз
он об мехӯрд, сипас Паёмбар (с) бо
боқимондаи он об таҳорат мекард».
(Ривояти Абу Довуд) Аз Ҷобир (р) ривоят
шудааст, ки паёмбар (с) дар роҳ аз ҳама
охир мерафт, то ки заъифу аз пой
мондаро кӯмак кунад ва дар чаҳорпояш
аз пушт касеро савор кунад ва барояшон
дуъо кунад. (Ривояти Абу Довуд)
Райхона Ёдгорова.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев