Кисахои Борони Caрдухтур дохили беморхона шуд, то бемореро оҷилан ҷарроҳӣ намояд. Пеш аз он, ки дохили ғурфаи амалиёт шавад, падари бемор бо садои баланд гуфт: Чаро таъхир кардӣ, ҳаёти фарзанди ман дар ҳолати хатар аст, магар эҳсосатро аз даст додаӣ? - гуён бар у бархурд намуд. Духтур табассумомез гуфт: Ором бош, бигзор ба корам шуруъ намоям ва писаратро ба Худо бисупор ва бар У бовар дошта бош! Падар ҷавоб дод: Бефаҳм будаӣ, агар фарзандат дар ҳолати марг қарор дошта бошад, чи гуна ором мешавӣ? Духтур аҳамияташ надоду дохили ғурфаи амалиёт шуд. Баъд аз ду соат саросемавор баромад, ба падари бемор гуфт: Ҷарроҳӣ ба хубӣ анҷом ёфт, ҳоли писарат алҳамдулиллаҳ хуб аст ва маро маъзур дор, чун мав