Фазилати зикри Худо Аз Абухурайра (р) ривоят аст, ки Пайгомбар (с) мефармуданд: «Худованд фариштахое дорад, ки дар роххо (замин) мегарданд ва ахли зикрро чустучу мекунанд, якдигарро садо мезананд ва мегуянд: Биёед, он чизеро, ки чустучу доред (мачлиси зикр), ин чост. Паёмбар (с) фармуд: Фариштагон атрофи онро мегиранд ва бо болхояшон онхоро то осмони дунё мепушонанд (мухофизат мекунанд). Пайгомбар (с) фармуд: Сипас Парвардигораш, дар холе ки ба (холи) бандагонаш аз хар касе донотар аст, аз фариштахо мепурсад: Бандагонам чи мегуянд? Фариштахо чавоб медиханд: Худоё Туро тасбеху такбир ва тамчид мегуянд ва сипосу ситоиши Туро ба чо меоранд. Худованд мефармояд: Агар маро медиданд чи (холашон чи