РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, АЙ ҲАМВАТАН!
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатӣ ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ, шуҷоатмандӣ, неру, иқтидору тавоноӣ ва ормонҳои миллӣ буда, муаррифгари миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба ҷаҳониён аст.
Парчами миллӣ рамзи худшиносии миллӣ, ғурури миллӣ, ғайрати миллӣ, шарафи миллӣ ва нангу номуси миллист, ки тоҷикони тоҷ бар сар зери он ба ҳам омада, давлати куҳанбунёду аз ниёгон ба мерос гирифтаи худро дубора эҳё намуданд, сохтанд, бунёд карданд, обод карданд ва имрӯз устувор ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мезананд.
Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати Тоҷикистони соҳибистиқлол, бузургии миллати тоҷик ва ватандории тоҷ