Беғамии модаронро ман таманно мекунам,
Чунки бо модар ҳамеша қадр пайдо мекунам.
Модарам ин гавҳари ноёб дар ҷони ҷахон,
То,ки ҳастам меҳри покашро ба дил чо мекунам.
Гар надонам қадри уро нестам фарзанди хуб,
Қадри модарро бидонам шукри дунё мекунам.
Лаҳзае,ки дур бошам аз канораш ғамгинам,
Боз бинам руи модар тарки ғамҳо мекунам.
Роҳрав карда маро бо ранҷҳои беҳисоб,
Ҳарчи мехоҳад кунун баҳраш мухаё мекунам.
Бо дуояш мушкил осон мешавд баҳри ҳама,
Бо дуояш шеъру байти тоза иншо мекунам.
Ман намехоҳам,ки кутоҳ бод умри модарам,
Дар намозам аз Худо инро тавалло мекунам.