Ғазали 7
****:::****
Гуфтам, ки: ʺХато кардиву тадбир на ин будʺ,
Гуфто: ʺЧӣ тавон кард, ки тақдир чунин будʺ.
Гуфтам, ки: ʺБасе хатти хато бар ту кашидандʺ,
Гуфто: ʺҲама он буд, ки бар лавҳи ҷабин будʺ.
Гуфтам, ки: ʺҚарини бадат афганд бад‐ин рўз?ʺ
Гуфто, ки: ʺМаро бахти бади хеш қарин будʺ.
Гуфтам: ʺЗи ман, эй моҳ, чаро меҳр буридӣ?ʺ
Гуфто, ки: ʺФалак бо мани бадмеҳр ба кин будʺ.
Гуфтам, ки: ʺБасе ҷоми тааб хурдӣ аз ин пеш?ʺ
Гуфто, ки: ʺШифо дар қадаҳи бозпасин будʺ.
Гуфтам, ки: ʺТу, эй умр, чаро зуд бирафтӣ?ʺ
Гуфто, ки: ʺФалонӣ ,чӣ кунам?Умр ҳамин будʺ.
Гуфтам, ки: ʺНа вақти сафарат буд чунин зудʺ.
Гуфто, ки: ʺМагар маслиҳати вақт дар ин будʺ.