Ба ҳаққи нолаҳои зори Яъқуб, Ба ранӌи ғурбати Юсуф зи ошуб. Ба ҳаққи Зикриёи арра бар сар, Ба оби дидаи Яҳё паёмбар. Ба ҳаққи Юнус андар батни моҳи, Ба он тавба, надомат, узрхоҳи. Ба ҳаққи нолаи пурдарди Довуд, Зи доғаш ваҳшиён гардид нобуд. Ба ҳаққи Мусии нури таӌалло, Ба он рози дилу Тури муъялло. Ба ҳаққи Исию эҳедами у, Ба ҳаққи Мустафою ҳотами у. Ба ҳаққи нури ӌамъи анбиёҳо, Ба ҳаққи ӌуши файзи авлиёҳо. Ба ҳаққи чор ёри баргузида, Ба ҳаққи ду имоми нури дида. Ӌунуниро ба ӌамъи муъминонат , Бикун сероб аз дарёи раҳмат.