Буи чону буи нону буи пистон, Буи гулҳои баҳори баччаги, Буи шири гарми навдушида меояд зи дастони ту, модар. Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндаги, Офарин хонанд бар азму ба имони ту, модар. Пир гашти, шуълаи ҳуснат парид, Офтоби зиндагият бар сари куҳе расид. Панчаҳои нарму печони ту ногиро шуданд, Чашмҳои барқафшони ту нобино шуданд. Муйҳоят ранги хокистар шуданд, Пойҳоят аз сафар шалпар шуданд, На, Макун бо зиндагони хайрбод, Оҳ модар! Оҳ модар! Гул буду гулдастабанди айб буд Дар замони навчавониҳои ту. Лек акнун зиндаги ранге гирифт Аз талошу чонфишониҳои ту. Кудакони хору зорат чун кабутарҳои ром, Аз сари дастат ба дуриҳо париданд. Ҳар кучое, ки ту дар дунё надиди, Рафта бо чашми т