Н
Дил зи тан бурдиву дар ҷонӣ ҳанӯз,
Дардҳо дориву дармонӣ ҳанӯз.
Ошкоро синаам бишкофтӣ,
Ҳамчунон дар сина пинҳонӣ ҳанӯз.
Мулки дил кардӣ хароб аз теғи кин
В-андар ин вайрона султонӣ ҳанӯз.
Ҳар ду олам қиммати худ гуфтаӣ,
Нархе боло кун, ки арзонӣ ҳанӯз.
Чун касе, ё Раб, нагирад доманат,
Гарчи дар хун не пушаймонӣ ҳанӯз.
Ҷавр кардӣ солҳо чун кофарон,
Баҳри раҳмат номусулмонӣ ҳанӯз.
Мо зи гиря чун намак бигдохтем,
Ту ба ханда шакаристонӣ ҳанӯз.
Ҷон зи банди калбуд озод гашт,
Дил ба гесӯи ту зиндонӣ ҳанӯз.