"Насиб бошад, суръати Интернетро ба 50 гигабит мерасонем".
Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ваъда дод, ки агар мардум сабр кунанд, то миёнаҳои имсол,яъне соли2019 “суръати Интернетро ба 50 гигабит мерасонанд”. Вай гуфт, қарор аст, тарҳи муштараки минтақавии Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон бо номи “Digital CASA” амалӣ шавад, ки ҳадафи он дастрасӣ ба Интернети баландсуръату арзон барои кишварҳои минтақа аст. Барои иҷрои тарҳи мазкур Бонки Ҷаҳонӣ 92 миллион доллар ихтисос додааст.Хамин замон суръати интернет дар Точикистон ба 18-20 гигабит баробар аст,ки дар сатхи пасттарин аст.