КИССАИ Зане назди Умар (р) омада, аз шавхари худ шикоят намуда, аз халифаи мусалмонон талаб намуд, ки уро талок дихад. Умар (р) мардеро назди шавхари У равон карда, назди худ хонд. Шавхари зан омад ва Умар (р) уро дид, ки либосхои даридаву фарсуда ва муйи жулида дораду ба покии бадану сару либоси худ бепарво аст. Пас Умар (р) асхоби худро амр намуд, то он мардро бурда сару либосашро дигар кунанд ва ба У бигуянд, то гармоба равад ва муйи сарашро ба тартиб дарорад ва ба худ ахаммият дихад. хангоме ки мард ин фармудахоро ичро кард, Умар (р) уро назди хамсараш даровард. вакте ки назди хамсараш ворид шуд, дар лахзаи аввал хамсараш уро нашинохт ва аз У хаё намуд. Мард гуфт: ман шавхари ту хастам,