Духтари ҳамсоя, биё, ёри ту ҳастам,
Ошиқи дилсӯзу вафодори ту ҳастам.
Дар ҳама дунё набувад мисли ту зебо,
Ҷону дилам дода харидори ту ҳастам.
Ғарқи тамошои туам, як назаре кун,
Дар ҳаваси дидани рухсори ту ҳастам.
Зуд бидеҳ об маро аз сари девор,
Сӯхтаи чашми шарарбори ту ҳастам.
Оҳ, чи мешуд ба сухан лаб бикушоӣ,
Ташнаи гуфтори шакарбори ту ҳастам.
Ғайри ту ҳаргиз напазирам дигареро,
Дил ба ту додам, ки талабгори ту ҳастам.
Ҳамқадами худ чи биҷӯӣ зи раҳи дур?
Ҳамдами ман шав, ки сазовори ту ҳастам.