Бигзор то бигирям,чун абр дар бахорон.
К-аз санг нола хезад,рузи видои ёрон.
Бо сорбон бигуед,ахволи оби чашмам.
То бар шутур набандад,махмил ба рузи борон.
Хар к-у шароби фуркат,рузе чашида бошад.
Донад ки сахт бошад,катъи умеди ёрон.
Бигзоштанд моро,дар дида оби хасрат.
Гирён чу дар киёмат, чашми гунахгорон.
Эй субхи шабнишинон,чонам ба токат омад.
Аз баски дер монди,чун шоми рузадорон.
Саъди ба рузгорон,мехре нишаста бар дил.
Берун наметавон кард,ило ба рузгорон.