Қуввати зӯри тану нуре басар гум кардаам.
Офтоби зиндагиям буд падар болои сар,
Офтоби зиндагӣ болои сар гум кардаам.
Кӯр агар дар шаб кунад гум роҳи рафти хонаро,
Ман раҳи рафти худамро дар саҳар гум кардаам.
Пуштбону муттако буд ӯ ба ҳар корам Худо,
Тинҷиву осудагиро бехабар гум кардаам.
Ҳар куҷо кардам сафар ҳаргиз нарафтам дур ман,
Бе дуои хайри ӯ роҳи сафар гум кардаам.
То падар буд дар сарам ҳар ҷой мегуфтанд биё,
Кафши худро баъди ӯ ман пеши дар гум кардаам.
Бо падар будам маро болои боло ҷой буд,
Баъди маргаш пеши по, бологузар гум кардаам.
Давлати ман,шӯҳрати ман,он падарҷонам куҷост,
Дар сари ин бесарам ман тоҷи сар гум кардаам.
Аниси Ëқубиëн.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 26