Предыдущая публикация
Наомади ба дидани фарзанди дар ба дар.
Ту дар Ватан даруни хоку ман ғариби ту,
Дар ҳасрати фироқи ту гаштам хуни ҷигар.
Имрӯз ба рӯи хоки ту сад лола мешкуфад,
Афсӯс,ки лолаи рухат намешкуфад дигар.
Ду чашми осмониат пӯшида зери хок,
Лабҳои пур зи қанди ту баста ба хоки тар.
Офтоби ғам ба рӯи ман бисёр теғ занад,
Имрӯз чунон дилхастаам, намегири хабар.
Ҳавои зиндагии ман абр асту хиратоб,
Эй офтоби зиндагӣ, эй нури тори сар.
Касе напурсадат,ки ту имрӯз куҷо шуди,
Замонаҳо дигар шуданду одамон дигар.
Шабе ба хобам омадию гуфтиаам падар,
Худо ҳамеша бо ту аст, ту ғам махур писар.
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 20
Худ падар шудем соҳибӣ чанде писарем.
Бо ёдӣ падар шабу рӯз дар гузарем,
Ноёфта падар, падар гӯён гузарем.
Дона дона ашкҳои ман падар,
Дар сари гӯрат ба ҳасрат рехтанд...
Аниси Ёқубиён.
Бо катори турнахо шояд ту баргарди Падар,
Гуянд дар бахорон дона аз хок сар мекашад,
Кош дастуре шавад аз хок ту сар бардори Падар,
Кувват зури тану Нури басар гум кардаам.
Буд офтоби сахар болои бомам нурпош.
Офтоби зиндаги болои сар гум кардаам.
Кур агар дар шаб кунад гум рохи рафти хонаро.
Ман рахи рафти худамро дар сахар гум кардаам.
Пуштбону муттако у буд ба хар корам.
Худо тинчиву осудаги ман бехабар гум кардаам.
Хар кучо азми сафар кардам нагаштам зуд ман.
Бе дуои хайри у рохи сафар гум кардаам.
Чун Падар буд дар сарам хешон хама гуфтани бие.
Кафши худро бади у дар пушти дар гум кардаам.
Бо Падар будам Маро болои болочой буд.
Бади маргаш пеши по бологузар гум кардаам.
Давлати ман,шухрати ман,он падарчонам кучост.
Дар сари ин бесамар ман точи сар гум кардаам.