Рафт бо ту шодиву хурсанди ҳамроҳ модарам.
Шуд даруни синаам ғамхона аз ғамҳои ту,
Ин сари сахтам бишуд сахтар зи хоро модарам.
Гуфта будам мегири аз дасти ман ҷои падар,
Сад дареғо рафти ту бо дасти гиро модарам.
Давлати рӯи ту буд дунëи ҳастиам, кунун,
Мисли Юсуф дар даруни чоҳу саҳро модарам.
Сояи тути баланду кулбаи вайронаат,
Монда аз ту як нишон чун қасри Доро модарам.
Баски зоди шоирам дар деҳи кӯҳистони танг,
Мекунам садҳо ҳазорон шукр Худоро модарам.
Бо садои " бӯи ҷӯи мӯлиëн " рӯзе равам,
Чун амир бозгашта ман сӯи Бухоро модарам.
Аниси Ëқубиëн.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 10